Сентябр 06, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Ришваи миллиардии ҷумҳурии Озарбойҷон ба сиёсатмадорони аврупоӣ

Рӯзномаи “Гордиян”- и Англия дар гузорише муддаӣ шуд, мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон бо пардохти ришваи калон талош доранд то Аврупоро ба дар пеш гирифтани рӯйкарде мусбат дар қиболи ин кишвар тарғиб кунанд.

Дар гузориши ин рӯзнома ин иттиҳом матраҳ шудааст, ки ду миллиарду 800 миллион доллар аз тарафи давлати ҷумҳурии Озарбойҷон бо воситагирии ширкатҳои барҳамхурдаи мустақар дар Британия, ба сиёсатмадорони аврупоӣ пардохт шудааст то назари Иттиҳодияи Аврупо ба ин кишвар мусбат шавад.

Ин гузориш меафзояд, манбаи ин пул номи шахс аст, аммо шавоҳиди бисёре аз иртиботи он бо хонаводаи раиси ҷумҳурӣ - Илҳом Алиев вуҷуд дорад.

Дар ин гузориш омадааст: “Дар замони пардохти ин пулҳо, ки умдатан ба гурӯҳҳои фишор (lobbyists), хабарнигорон, сиёсатмадорон ва соҳибони касбу кор пардохт шуда, давлати Озарбойҷон ба фасоди молии систематикӣ, дасткорӣ дар интихобот ва зиндонӣ кардани сиёсатмадорони мухолифи давлат, фаъолони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон муттаҳам будааст.

 “Тарҳи гузориши ҷинояти созмонёфта ва фасоди молӣ” пардохти ин ришваҳоро муваффақ арзёбӣ кардааст, зеро барои мисол Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо дар соли 2013 пазируфт, алайҳи гузориш раъй бидиҳад, ки аз давлати Озарбойҷон интиқод мекард.