Сентябр 07, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
  • Барномарезии тими террори Бин Лодан барои террори раҳбари Кореяи Шимолӣ

Рӯзномаи “Таймс” навишт, тими террори Усома бин Лодан маъмуронеро барои террори раҳбари Кореяи Шимолӣ омӯзиш медиҳад.

“Таймс” ба нақл аз Сонг Ёнг Му, вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ навишт, нерӯҳои вижаи артиши Амрико ба нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ барои ташкили гурӯҳи вижае кӯмак хоҳанд кард, ки террори Ким Чун Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ аз ҷумлаи маъмуриятҳои он аст.

 Вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ гуфт: “Мо дар садади шаклдиҳӣ ба ин тарҳ ҳастем ва фикр мекунам то аввали декабр метавонем ин гурӯҳро ташкил диҳем”.

Рӯзномаи “Таймс” навишт, воҳиди нерӯҳои вижаи Амрико, мавсум ба “Seal Team Six” бар омӯзиши ин гурӯҳ назорат хоҳад дошт.

 Ин воҳид ҳамон ягоне аст, ки дар амалиёти куштани Усома бин Лодан, саркардаи собиқи гурӯҳи Алқоида дар соли 2011-и мелодӣ дар Покистон ширкат дошт.