Бомби Кореяи Шимолӣ 10 баробар қавитар аз бомби атомии Хиросима
(last modified Thu, 07 Sep 2017 14:51:10 GMT )
Сентябр 07, 2017 19:51 Asia/Dushanbe
  • Бомби Кореяи Шимолӣ 10 баробар қавитар аз бомби атомии Хиросима

Ҷопон эълом кард, бомби ҳидружени Кореяи Шимолӣ даҳ баробар аз бомбае, ки Амрико бар Хиросима мунфаҷир кард, қавитар будааст.

Ба гузориши ИРНА, пеш аз ин Кореяи Ҷанубӣ эълом карда буд, қудрати бомби ҳидружени, ки Кореяи Шимолӣ якшанбе гузашта озмоиш кард, 50 килотун аст, аммо Ҷопон қудрати бомби ҳидружени Кореяи Шимолиро 160 килотун баровард кардааст.

Дар бомбаборони атомии Хиросима ва Нагасаки дар охирин рӯзҳои Ҷанги ҷаҳонии дуввум тавассути Амрико ба фосилаи 3 рӯз беш аз сад ҳазор нафар кушта шуданд ва то поёни соли 1945 бар асари асароти вайронгари паҳншавии маводи радиоактив 220 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ин бомб бар асоси гузоришҳои мавҷуд, наздик ба 15 килотун қудрат доштааст.

Кореяи Шимолӣ рӯзи якшанбе гузашта эълом кард, як бомби ҳидружени бо қудрати тахриби бисёр боло тавлид карда ва Ким Ҷунг Ун, раҳбари ин кишвар аз насби ин бомб бар рӯйи як мушаки қорапаймо боздид кардааст.