Сентябр 10, 2017 10:57 Asia/Dushanbe
  • Дида‌бони Ҳуқуқи Башар: Ҷиноятҳо алайҳи мусалмонони Миёнмор даҳшатнок аст

Акшайа Кумар, узви Дидабони Ҳуқуқи Башар рӯзи шанбе мустанадоти бадастомада аз ҷиноёти давлати Миёнмор алайҳи мусалмонони руҳингиёиро “ба шакле боварнакарданӣ озордиҳандаву даҳшатнок” арзёбӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Акшайа Кумар гуфт, мусалмонони руҳингиёӣ дар вилояти Рохини Миёнмор солҳо аст ба таври созмонёфта ҳадафи озору азият ва табъиз қарор мегиранд ва шумори кушташудагону оворагон дар ҳамалоти нерӯҳои амниятии Миёнмор ба мусалмонони ин минтақа нигаронкунанда аст.

Узви Дидабони Ҳуқуқи Башар гуфт, аз тариқи таҳлили тасовири моҳвораӣ ва дигар манобеи мавриди эътимод ин натиҷа ҳосил шуда, ки беш аз бист ноҳияи мухталиф аз шимоли вилояти Рохин дар оташ сӯхтааст.

Кумар аз Онг Сон Сучи, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва вазири умури хориҷаву мушовири давлати Миёнмор хост, ҳарчӣ зудтар барои таваққуфи ҳамалот ба мусалмонони руҳингиёӣ талош кунанд.

Сучи, ки соли 1991 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шудааст, акнун аз сӯйи бархе кишварҳо муттаҳам аст, ки дар бораи авзои сахту тоқатфарсои мусалмонони руҳингиёӣ сукут ихтиёр кардааст.

Бар асари ҳамалоти артиши Миёнмор ба мусалмонони руҳингиёӣ дар вилояти Рохин, дар ғарби ин кишвар, ки аз 25-уми август оғоз шудааст, ҳазорон нафар куштаву захмӣ ва ҳудуди 300 ҳазор нафар овора шудаанд.

Мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор аз ҳеч ҳаққи шаҳрвандӣ бархурдор нестанд.