Сентябр 12, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳиллари Клинтон: Мутмаинам, тими Трамп бо русҳо созиш карда буд

Рақиби демократи раисҷумҳури Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 гуфт, итминон дорад, ки наздикони Доналд Трамп бо Русия иртиботи интихоботӣ доштанд.

Ҳиллари Клинтон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “USA Today” дар бораи китоби ҷадидаш бо номи «Чӣ иттифоқе афтод?» гуфтааст, ба таври қатъӣ иртиботҳои миёни тими Трамп ва Русия вуҷуд дошт ва ҳеҷ шакке нест, ки Путин мехост Трамп дар интихобот пирӯз шавад. Ӯ афзуд, дар бораи вуҷуди равобити молии печидаи Трамп ва кор кардани ӯ бо пули Русия ҳеҷ шакке нест ва тардиде вуҷуд надорад, ки ситоди интихоботии Трамп ва мушовиронаш ба шиддат талош кардаанд, то иртибототашонро бо русҳо махфӣ кунанд. Рақиби интихоботии Трамп ӯ ва мушовиронашро ба созиш бо русҳо муттаҳам кард ва нуқоти заъфи ситоди интихоботии худро низ пазируфт.

Клинтон дар китобаш дар бораи муборизоти интихоботӣ ва шикасти худ дар соли 2016 навиштааст, раисҷумҳури Русия бо ӯ душмании шахсӣ дорад. Ӯ ҳамчунин ибрози таассуф кардааст, ки хабарнигорон нақши Русияро дар ифшои имейлҳои ситоди интихоботияш ҷиддӣ нагирифтанд.

Ҳиллари Клинтони 69-сола гуфтааст, ки дигар номзади интихобот нахоҳад шуд.

 

Барчасп