Вашингтон: Ҳама гузинаҳо алайҳи Кореяи шимолӣ рӯйи миз аст
Сара Ҳокби Сандерс - сухангӯи Кохи Сафед дар идомаи рӯйкарди хасмонаи Вашингтон зидди Кореяи шимолӣ таъкид кард: Тамоми гузинаҳо дар робита бо Кореяи шимолӣ рӯйи миз аст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико низ ҳаштуми августи 2017 Кореяи шимолиро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид карда буд. Пас аз ин таҳдид Кореяи шимолӣ рӯзи якшанбе севуми сентябр эълом кард, ки як бомби ҳидрожиниро бомуваффақият озмоиш кардааст.
Амрико ва муттаҳидонаш рӯзи душанбе 11-уми сентябр бо фишор бар Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи наверо зидди Кореяи шимолӣ тасвиб карданд.
Кореяи шимолӣ ҳам рӯзи сешанбе дар вокуниш ба ин иқдоми хасмонаи Амрико ва муттаҳидонаш ҳушдор дод; Вашингтон ба зудӣ посухи ин душманиро мебинад.
Амрико, ки нақши басазое дар афзоиши танишҳо дар нимҷазираи Корея дорад, ҳамвора дар пайи таваққуфи озмоишҳои низомӣ ва ҳастаии Кореяи шимолӣ аст. Аммо Пхенян борҳо таъкид кардааст то замоне, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш ба таҳдидҳояшон зидди Кореяи шимолӣ идома диҳанд, ин кишвар низ ба тақвияти тавонмандиҳои низомӣ ва тавоноии ҳамлаи пешгиронаи худ идома хоҳад дод.