Сентябр 14, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд паноҳҷӯёни мусулмони Руҳингиёро ихроҷ мекунад

Ба гузориши ИРНА, Раджнатх Сингх рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Кашмир гуфт, давлати Ҳинд бо муҳоҷирони ғайри қонунӣ ба шиддат бархӯрд мекунад.

Вазорати кишвари Ҳинд ду ҳафтаи пеш аз сарвазирони иёлатҳо хоста буд, бо шиносоии паноҳҷӯёни руҳингиёӣ онҳоро ихроҷ кунанд.

Ин иқдоми давлати Ҳинд боиси эътироз паноҳҷӯён, мусулмонони Ҳинд ва бисёре аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шуд.

Бар асоси омори мунташир шуда, 40 ҳазор паноҳҷӯи Руҳингиё дар Ҳинд ҳузур доранд, ки аз ин теъдод, 16 ҳазор нафарро Комиссараияи олии паноҳндагони Созмони Милали Муттаҳид сабти ном кардааст.

Мақомоти амниятии Деҳлӣ Нав мегӯянд, ба далели имкони ҷазб шудани паноҳҷӯёни Руҳингиё ба террористҳо, ин афрод таҳдиди амниятӣ барои Ҳинд ба шумор меоянд.

Давлати Ҳинд дар ҳоле тасмим ба ихроҷи паноҳҷӯёни Руҳингиё гирифтааст, ки аз 25 август то кунун мусулмонони Руҳингиё дар Миёнмор, ҳадафи шадидтарин ҳамалоти буддоиёни тундрав ва неруҳои давлатӣ қарор гирифтаанд.

Давлати Миёнмор низ бо радди гузориши бозрасони Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҷовузи гурӯҳӣ, шиканҷа, оташсӯзӣ ва куштори мусулмонони Руҳингиё ба дасти буддоиёни ифротӣ ва низомиён, монеи вуруди гурӯҳи ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид барои таҳқиқ шудааст.