Боздошти ду хабарнигори миёнморӣ дар Бангладеш ба иттиҳоми ҷосусӣ
Мақомҳои Бангладеш аз боздошти ду хабарнигори миёнморӣ дар Бангладеш ба иттиҳоми ҷосусӣ хабар доданд.
Ба гузориши “Франс пресс”, Ранҷият Кумар Бароа, раиси пулиси минтақаи Кокс Бозори Бангладеш рӯзи ҷумъа эълом кард, Минзаяр У ва Ҳкун Лат дар ин минтақа ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ин ду хабарнигори миёнморӣ ба манзури пӯшиши буҳрони инсонии оварагони Руҳингиё ба ҷануби Бангладеш эъзом шуда буданд. Рӯзи гузашта низ дархост барои озодии ин ду хабарнигор ба қайди замонат аз сӯйи додгоҳе дар Бангладеш рад шуда буд. Ин дар ҳоле аст, ки мақомҳои Ҳукумати Миёнмор низ аз дастрасии хабарнигорон ва ё созмонҳои кумакрасон ба урдугоҳҳои мусалмонони Руҳингиё дар ин кишвар ҷилавгирӣ мекунанд.
Куштори бераҳмонаи мардуми мусалмони Руҳингиё ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ ва буддоиёни ифротӣ дар Миёнмор бо мавҷе аз хашму эътироз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон рӯ ба рӯ шудааст.