Курсии холии Навоз Шариф дар парлумон ба ҳамсараш расид
Пас аз барканории Навоз Шариф аз нахуствазирии Покистон ва ба думболи он, аз даст рафтани курсиаш дар парлумон, Кулсум Навоз дар интихоботи миёндавраии маҷлис, курсии ҳамсарашро тасоҳуб кард.
Ба гузориши ИРНА, дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи интихобияи шаҳри Лоҳур маркази иёлати Панҷоб, маркази қудрати сиёсии Ҳизби мусаллимлиг (Навоз), ҳамсари нахуствазири барканоршудаи Покистон бо касби беш аз 61 ҳазор раъй, курсии холии ҳамсараш дар Маҷлиси миллиро ҳифз кард.
Дар интихоботи рӯзи гузашта, дар ҳавзаи интихобияи Лоҳур агарчӣ номзадҳои аҳзоби сиёсии мухталиф ба рақобат пардохтанд, аммо рақобати аслӣ байни Кулсум Навоз аз Ҳизби мусаллимлиг ва Ёсамин Рошид аз Ҳизби таҳрики инсофи Покистон буд.
Навоз Шариф дар 28 июл ба далели нақш доштан дар фасодҳои молии марбут ба “асноди Панама”, аз нахуствазирӣ барканор шуд то барои сеюмин бор натавонад, давраи панҷсолаи нахуствазириашро ба поён бирасонад.
Аз соли 1947 ва истиқлоли Покистон ҳеҷ як аз нахуствазирони ин кишвар натавонистанд, давраи панҷсола худро ба поён бирасонанд.
Бар асоси асноди муассисаи “Панамаӣ”, Mossack Fonseca, нахуствазири Покистон ва фарзандонаш, муттаҳам ба пулшӯӣ ва пинҳон кардани ҳақоиқ дар бораи дороии худ дар дохил ва хориҷ аз Покистон ҳастанд.