Сентябр 19, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Сафарбарии ҳазорон низомии амрикоӣ ба Афғонистон

Амрико беш аз се ҳазор низомии худро ба Афғонистон сафарбар мекунад.

Ба гузориши ПрессТВ, Ҷемс Мэттис, вазири дифоъи Амрико рӯзи душанбе тасдиқ кард,ки дар чорчуби роҳбурди нави Доналд Трамп барои Афғонистон, беш аз се ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон мустақар хоҳанд шуд.

 Доналд Трамп дар моҳи август роҳбурди нави ҷанги Вашингтон дар баробари Афғонистонро эълом кард, ки бар асоси он чаҳор ҳазор низомии амрикоии дигар дар Афғонистон ҷойгир мешаванд.

 Неруҳои тозанафас ба 8400 неруи амрикоӣ ва 5 ҳазор неруи НАТО дар Афғонистон афзуда мешаванд.

 Роҳбурди нави низомии Амрико дар шароите эълом шуд, ки коршиносон дар бораи бадшавии авзоъи амниятӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳанд.

Ҳамлаи низомии Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 ва ишғоли ин кишвар ба баҳона мубориза бо терроризм,  мунҷар ба куштори бист ҳазор ғайринизомии афғонистонӣ ва нобудии зерсохтҳои ин кишвар шудааст.

 

Барчасп