Размоиши муштараки Русия ва Чин дар наздикии нимҷазираи Корея
Дар пайи таҳдидҳои ҳамсони ҷангии Амрико ва Кореяи Шимолӣ, Русия ва Чин размоиши муштаракеро наздики нимҷазираи Корея оғоз карданд.
Ба гузориши ИРНА, бахши хокии ин размоиш рӯзи душанбе дар халиҷи Пётри Кабир ва Шарқи Дури Русия оғоз шуд ва воҳидҳои дарёии ду кишвар низ дар обҳои перомуни нимҷазираи Корея ҳузур ёфтанд.
Ин размоиш дар пайи эъломи мавозеи Вашингтон баргузор мешавад, ки дар онҳо таҳдиди ҳамла ба Кореяи Шимолӣ матраҳ шуда буд ва Никки Ҳейли, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милал низ рӯзи якшанбе дар тозатарин изҳори назар эълом кард, Агар Пхенян ба таҳдидҳо алайҳи Вашингтон ва муттаҳидонаш идома диҳад, дар сурати ниёз нобуд хоҳад шуд.
Бар асоси барномаи эъломшуда, бахши дарёии ин размоиши русӣ- чинӣ низ рӯзи ҷумъа оғоз мешавад ва сешанбеи ҳафтаи оянда поён меёбад.
Русия бо Кореяи Шимолӣ марзи хушкӣ ва дарёӣ дорад ва бахше аз размоиш ҳам дар муҷовирати марзҳои ин кишвар баргузор хоҳад шуд, ки доманаи он то соҳилҳои Ҷопон низ идома меёбад.
Чин низ ҳамсояи Кореяи Шимолӣ аст ва бо ин кишвар марзи хокӣ дорад.
Ба назар мерасад, Маскав ва Пекин дар шароити кунунӣ, ки Амрико дар нимҷазираи Корея ҳузури низомии худро ба баҳонаи барномаи ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ тақвият мекунанд, ба Вашингтон паёми ошкор медиҳанд, ки даст ба моҷароҷӯӣ назанад ва вазъиятро ба муноқишаи мусаллаҳона накашонад.