Сентябр 19, 2017 16:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Покистон

Маросими Рӯзи шеъру адаби форсӣ дар нишасте бо ҳузури устодону дӯстдорони забони форсӣ дар Покистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ба муносибати Рӯзи шеъру адаби форсӣ ва бузургдошти устод Сайидмуҳаммад Ҳусейни Шаҳриёр, шоири пуровозаи Эрон нишасте дар хонаи фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Ровилпиндии Покистон баргузор шуд. Дар ин нишаст ҷамъе аз устодони забони форсию шоирони покистонӣ мақолоту сурудаҳои худро дар бораи устод Шаҳриёр ироа карданд. Баёни таърихчаи забони форсӣ дар Покистон, шибҳиқораи Ҳинд ва хиёнати Бритониё дар нобудии забони форсӣ дар ин минтақаи ҷаҳон аз дигар меҳварҳои суханронӣ дар ин нишаст буд.

Корбурди забони форсӣ дар Покистон дастикам 9 қарн собиқа дорад ва дар гузашта форсӣ забони идории шибҳиқора будааст. Бисёре аз шоирони покистонӣ ҳам ашъори худро бо забони форсӣ сурудаанд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, шоир ва файласуфи номдори покистонӣ аз муҳимтарини онҳост. Дар солҳои қабл забони форсӣ дар ҳама макотиби Покистон то синфи ҳашт  омӯзонида мешуд.

 

Барчасп