Сентябр 20, 2017 14:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳиллари Клитон суханронии Трамп дар Маҷмааи умумиро маҳкум кард

Ҳиллари Клитон, вазири умури хориҷаи собиқи Амрико бо маҳкум кардани суханронии рӯзи сешанбеи раисиҷумҳури Амрико дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, онро «торик ва хатарнок» тавсиф кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳиллари Клитон бо интиқод аз суханронии Доналд Трамп» дар миёни раҳбарони ҷаҳон дар СММ дар гуфтугӯ бо барномаи «Охири вақт»-и “СБС нюз” гуфт, фикр мекунам, ки лаҳни ин суханон бисёр торик ва хатарнок буд ва паёме набуд, ки раҳбари қудратмандтарин кишвари ҷаҳон бояд ирсол кунад.

Клитон бо ишора ба бахше аз суханони Трамп дар таҳдиди Кореяи Шимолӣ афзуд, рӯйкарди нахуст дар буҳроне ҳамчун Кореяи Шимолӣ бояд дипломотӣ бошад.

Номзади собиқи демократҳои Амрико дар интихобот раёсатҷумҳурии соли 2016 гуфт, эй кош суханронии Трамп дипломатитар буд, мо чунин суханонеро барои муттаҳидонамон, минтақа ва ҳатто кишвари худамон хатарнок арзёбӣ мекунем.

 

Барчасп