Сентябр 20, 2017 20:49 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ наслкушии мусалмонони Руҳингиёро маҳкум кард

Раиси ҷумҳурии исломии Афғонистон дар суханронӣ дар ҳафтодудувумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатли оми мусалмонони руҳингиёиро дар Миёнмор маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ поксозии қавмии мусалмонони руҳингиёиро ба дасти артишу ифротиюни миёнморӣ такондиҳандаву таассуфбор тавсиф карду сукути масъулони миёнмориро дар баробари ин ҷиноятҳо ғамангез хонд.

Ғанӣ хостори ифои нақши фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳалли ин масъала шуд.

Ашраф Ғанӣ ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханронии худ аз Покистон хост то дар гуфтугӯҳои сулҳ дар минтақа, ки бо ҳадафи маҳори терроризму ифротгароӣ баргузор мешавад, бо Кобул ҳамкориву мушорикат кунад.