Сентябр 23, 2017 11:50 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазири хориҷаи Амрико бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нишасте дар сатҳи вазирон баргузор кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, пойгоҳи интернетии Вазорати хориҷаи Амрико гузориш дод, дар ин нишаст вазирони умури хориҷа аз ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва намояндаи доими Туркманистон ҳузур доштанд.

Шаш кишвар бар густариши ҳамкорӣ аз тариқи таомул дар чорчӯби панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба иловаи як ва роҳҳои иртиқои тавсеаи иқтисодии Афғонистон дар қолаби як чорчӯби минтақаӣ таъкид карданд.

 

Барчасп