Сентябр 23, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Хонаҳои мусалмонони руҳингиёӣ ҳанӯз дар оташ месӯзад

Созмони Афви Байналмилал бо ироаи мустанадоти ҷадиде эълом кард, сӯзондани хонаҳои мусалмонони Руҳингиё дар вилояти Рохини Миёнмор ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Созмони Афви Байналмилал эълом кард, дар тасовири моҳвораии ҷадид дуди ғализе бар фарози рустоҳои вилояти Рохин дида мешавад.

Артиш ва буддоиёни Миёнмор манозили мусалмони руҳингиёиро ба оташ мекашанд.

Дафтари ҳамоҳангии кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид  низ рӯзи ҷумъа эълом кард, то кунун беш аз 700 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё аз Миёнмор ба Бангладеши гурехтаанд.

Бар асоси ин гузориш, кӯчи иҷбории мусалмонон аз Миёнмор бузургтарин муҳоҷирати гурӯҳӣ дар даҳаҳои ахир аст.

Аз рӯзи ҷумъаи 25-уми август то кунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгаронаву таҷовузкоронаи артиши Миёнмор алайҳи мусалмонони Руҳингиё дар Рохин, беш аз шаш ҳазор тан куштаву ҳашт ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Садҳо ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё низ маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд.