Таҳримҳои Аврупо бузургтарин бонки Русияро дучори мушкил кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i23507-Таҳримҳои_Аврупо_бузургтарин_бонки_Русияро_дучори_мушкил_кард
Таҳримҳои зидди русии ғарб, фаъолияти Сбербанк, бузургтарин бонки Русияро дар кишварҳои аврупоӣ дучори мушкил карда ва барномаи таътилии шуъбаҳои он дар чанд кишвари аврупоӣ эълом шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 24, 2017 12:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Аврупо бузургтарин бонки Русияро дучори мушкил кард

Таҳримҳои зидди русии ғарб, фаъолияти Сбербанк, бузургтарин бонки Русияро дар кишварҳои аврупоӣ дучори мушкил карда ва барномаи таътилии шуъбаҳои он дар чанд кишвари аврупоӣ эълом шудааст.

Герман Греф, раиси Сбербанк дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Русия 24 гуфт, Сбербанк таҳти фишори шадиди Бонки марказии Аврупост ва дар ин шароит,  шуъбаҳои ин бонк дар бархе кишварҳои аврупоӣ баста хоҳад шуд .

Ҳарчанд бонки русӣ дар қиёс бо бонкҳои аврупоӣ чандон бузург нест, аммо дар радифи бонкҳои бисёр бузург ва зери контроли мустақими Бонки марказии Аврупо қарор гирифтааст .

Сбербанк бо қидмати 176 сола ва 17 ҳазору 500 шуъба дар саросари Русия, ҳамчунин шуъбаҳое дар Швейтсария, Австрия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Чин ва Ҳинди, бузургтарин бонки Русия маҳсуб мешавад .

Русия аз се соли пеш, ба далели муноқишаи Украина таҳти таҳримҳои густардаи ғарб қарор дорад ва бонкҳо ва муассисоти молӣ ва соҳибони саноеи ин кишвар аз дарёфти қарз аз бонкҳои ғарбӣ манъ шудаанд .