Спента: Дӯстии Афғонистон бо Эрон аз дӯстӣ бо Амрико муҳимтар аст
(last modified 2017-09-24T12:08:18+00:00 )
Сентябр 24, 2017 17:08 Asia/Dushanbe
  • Спента: Дӯстии Афғонистон бо Эрон аз дӯстӣ бо Амрико муҳимтар аст

Мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон гуфт, дӯстӣ ва робитаи наздик бо Эрон ва дигар ҳамсоягон барои Афғонистон аз робита бо абарқудратҳо муҳимтар аст.

 

Ба нақл аз хабаргузории Ава, Рангин Додфар Спента, мушовир ва вазири умури хориҷаи собиқи Афғонистон дар баррасии амалкарди ҳукумати ваҳдати миллии ин кишвар гуфт: Дӯстии Афғонистон бо Эрон, Тоҷикистон ва Покистон аз робита бо қудратҳои ишғолгар аҳаммияти бештаре дорад, ҳатто агар он қудрат Амрико бошад .

Спента пеш аз ин низ дар маросими эъломи мавҷудияти эътилофи “Меҳвари Мардум”-и Афғонистон гуфта буд дар ҳоле, ки Амрико ба дахолатҳои Покистон дар Афғонистон бетафовут аст, қарордоди амниятии Кобул-Вашингтон маънии худро аз даст медиҳад .

Ба гуфтаи Спента, заъфи ҳукумати феълии Афғонистон далели иҷроӣ нашудани тамомии бахшҳои тавофуқномаи амниятии Кобул-Вашингтон аз сӯи мақомоти амрикоӣ аст .

Вазири умури хориҷаи собиқи Афғонистон чанде қабл, рӯйкарди ҳукумати феълии ин кишварро дар қиболи Созмони иттилооти артиши Покистон, хатарнок хонда буд .