Русия дар бораи тавқифи амволи дипломатии худ дар Амрико шикоят мекунад
(last modified Sun, 24 Sep 2017 12:37:40 GMT )
Сентябр 24, 2017 17:37 Asia/Dushanbe
  • Русия дар бораи тавқифи амволи дипломатии худ дар Амрико шикоят мекунад

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, кишвараш дар бораи тавқифи амволи дипломатии Русия дар Амрико, шикоят хоҳад кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Маскав тарҳи шикоят дар бораи тавқифи амволи дипломатии Русия дар Амрикоро ба таъвиқ наандохта ва дар ҳоли ройзанӣ ва машварат бо вакилон ва гирдоварии ҳамаи асноду мадорики мавриди ниёз аст .

Лавров ҳамчунин дар бораи рӯйкарди Маскав дар қиболи Амрико гуфт, агар амрикоиҳо ба Русия пешниҳоди ҳамкорӣ бидиҳанд, ин кишвар ҳамкорӣ мекунад .

Равобити Русия ва Амрико ба сабаби ончи дахолати Маскав дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2016 хонда шудааст, дар бадтарин шароити худ қарор дорад.

Бастани мутақобили маконҳои дипломатӣ ва ихроҷи дипломатҳо, бахше аз сиёсати ҳоким бар равобити сарди ду кишвари Русия ва Амрико дар моҳҳои гузашта будааст .

 

Барчасп