Сентябр 25, 2017 14:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳак шудани системаи интихоботии Амрико таъйид шуд

Вазорати амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаи ҳакерҳои русиро ба системаи раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузашта дар 21 иёлати ин кишвар таъйид кард.

Ба гузориши “Рейтерз”, Вазорати амнияти дохилии Амрико ҳамлаи ҳакерҳои русиро ба шабакаи интихоботии 21 аёлати Амрико таъйид карда, аммо номи иёлатҳоро зикр накардааст.

Бо ин ҳол, иёлатҳои Алабама, Колорадо, Флорида, Миннесота, Техас, Арезона, Илиной ва Вашингтон пеш аз ин эълом карда буданд, ҳадафи ҳамалоти сойберии ҳакерҳои русӣ қарор гирифтаанд, аммо ин ҳамалот муваффақиятомез набудааст.

 Пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар ниҳоят Доналд Трамп барандаи он шуд, гумоназаниҳо ва шакку шубҳаҳое дар бораи ҳамлаи ҳакерҳои русӣ ба системаи раъйгирӣ дар ин интихобот эҷод шуд.

Ҳакерҳои русӣ, ки ба гуфтаи амрикоиҳо давлат Русия аз онҳо ҳимоят мекардааст, дар раванди раъйгирии интихоботи соли гузашта халал эҷод карда буданд.

Аммо ба гуфтаи мақомоти амниятии Амрико, ин ихтилол ба он маъно нест, ки натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико тағйир карда ва ё дасткорӣ шудааст.

Русия ҳама иттиҳомҳои ҷосусӣ ва мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрикоро рад кардааст.