Сентябр 25, 2017 16:18 Asia/Dushanbe
  •  Се шарти аҷиби Миёнмор барои пазириши истеъфои мураббии эронӣ

Сармураббии эронии тими футзоли Миёнмор, ки дар эътироз ба куштори мусалмонони Руҳингиё истеъфо кардааст, аз се шарти аҷиби Федератсияи футболи ин кишвар барои пазириши истеъфояш хабар дод.

Ризо Курдӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симои Эрон аз сангандозии Федератсияи футболи Миёнмор дар раванди истеъфояш хабар дод ва гуфт, Миёнмор таҳдид кардааст, дар сурате, ки шартҳои сегонаи ин кишварро напазирад, аз ӯ ба ФИФА шикоят мекунад.

 Ин мураббии эронӣ гуфт: “Шарти нахуст ин аст, ки бо ислоҳи матни истеъфо, далели канорагириамро мавзӯе ғайр аз куштори мусалмонони Миёнмор эълом кунам”.

Курдӣ афзуд: “Шарти дувуми миёнмориҳо ин аст, ки дар мусоҳибае бигӯям, куштори мусалмонон дар даргириҳои қабилаӣ анҷом шуда ва давлати Миёнмор нақше дар ин ҷиноятҳо надоштааст”.

Сармураббии пешини тими футзоли Миёнмор гуфт: “Шарти севуми ин кишвар он буд, ки пулҳоеро, ки аз Федератсияи футболи Миёнмор дарёфт кардаам, бозгардонам”.

Ризо Курдӣ гуфт, бо ду шарти аввал ва дувуми Федератсияи футболи Миёнмор мухолифат кардааст.

Бар асари ҳамалоти артиш ва буддоиёни ифротии Миёнмор ба мусалмонони Руҳингиё дар вилояти Рохин, дар ғарби ин кишвар, ки аз 25-уми август оғоз шудааст, ҳазорон нафар кушта ва захмӣ ва беш аз 400 ҳазор нафар овора шудаанд.