Тахлияи ҷазираи Балии Индонезия ба иллати эҳтимоли вуқуи оташфишон
Масъулони ҷазираи Балии Индонезия ба иллати эҳтимоли вуқуи оташфишон, даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин ҷазираро тахлия кардаанд.
Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, оташфишони кӯҳи Агунг дар ҷазираи Балии Индонезия аз ду рӯзи пеш фаъол шудааст ва масъулони ин ҷазира дар иқдоме пешгирона ҳудуди 35 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи наздики ин кӯҳро тахлия кардаанд .
Ларзашиносон аз рӯзи ҷумъа токунун дастикам 300 заминларзаро дар наздикии ин кӯҳ сабт кардаанд .
Ин теъдоди болои заминларза нишондиҳандаи он аст, ки мумкин аст, кӯҳи Агунг ҳар лаҳза оташфишонӣ кунад .
Оташфишони кӯҳи Агунг дар соли 1963 фаварон кард, ки бар асари он ҳудуди ҳазору 600 нафар кушта ва 66 ҳазор нафар бехонамон шуданд .