Мамнуулхуруҷ шудани даҳҳо мақоми давлатии Афғонистон
(last modified Mon, 25 Sep 2017 15:39:27 GMT )
Сентябр 25, 2017 20:39 Asia/Dushanbe
  • Мамнуулхуруҷ шудани даҳҳо мақоми давлатии Афғонистон

Додситонии кулли Афғонистон эълом кард: 75 мақоми давлатии ин кишвар ба иттиҳоми фасод мамнуулхуруҷ шудаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Ҷамшед Расулӣ, сухангуи Додситонии кулли Афғонистон гуфт: Маркази қазоии мубориза бо фасоди ин кишвар 75 мақоми афғонро мамнуулхуруҷ карда ва фаъолияти 40 мақоми дигарро низ ба ҳоли таълиқ даровардааст.

Пеш аз ин низ, Тулуъ Ниюз дар гузорише Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси Парлумони Афғонистонро ба ихтилос ва ҳазинаи буҷети ин маҷлис барои масорифи шахсӣ муттаҳам карда буд .

Бархе аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон дар вокуниш ба ин мавзуъ, истеъфои вайро хостор шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулли Афғонистон низ ба назари бархе аз коршиносон мустақил нест, зеро токунун парвандаҳои фасоди калони мақомоти аршади давлати кунунӣ ва собиқро баррасӣ накардааст .