Сентябр 25, 2017 22:23 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии завҷи одамхури русӣ пас аз хурдани 30 нафар

Расонаҳои Русия бо интишори хабари ҳавлноке ба нақл аз полиси яке аз манотиқи ҷанубии ин кишвар гузориш доданд, ки як завҷи одамхур беш аз 30 нафарро ба таври комил хурдаанд.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъолам, расонаҳои Русия аз боздошти завҷи одамхур хабар доданд, ки дар солҳои гузашта беш аз 30 нафарро хурдаанд.

Расонаҳ‌ои маҳаллии шаҳри Краснодар дар ҷануби Русия ба нақл аз полиси ин минтақа гузориш доданд, ки зану марди одамхур боздошт шудаанд, ки таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, аз соли 1999 токунун беш аз 30 нафарро хурдаанд.

Полиси ин минтақа эълом кардааст, ки ин зану марди одамхур дар бозҷуиҳо эътироф кардаанд, қисматҳое аз бадани қурбониҳои худро барои масрафи оянда дар яхчоли хона нигаҳдорӣ кардаанд .

Ба навиштаи Раша Тудей, ин завҷ қурбониҳои худро ме‌рабуданд, ба қатл мерасонданд ва сипас гушти онҳоро масраф мекарданд .

Полиси Русия таҳқиқот барои равшан шудани абъоди бештари ин парвандаи ҳавлнокро оғоз кардааст .