Мақоми мянмарӣ ҳамачизро мункир шуд
Сафири Мянмар дар Созмони милали муттаҳид муддаӣ шуд, ҳечгуна поксозии қавмӣ ва наслкушӣ алайҳи мусулмонони Роҳингия рух надодааст.
Ба нақл аз хабаргузории Исно, Ҳау До Суан, аз кишварҳое, ки аз вожаҳои поксозии қавмӣ ва наслкушӣ алайҳи мусулмонон барои тавсифи авзоъ дар иёлоти Рахини ин кишвар истифода мекунанд, интиқод кард .
Ӯ омили тарсро яке аз далоили умда барои хуруҷи мусулмонони роҳингияӣ аз Мянмар эълом кард ва бо печида хондани масъалаи иёлоти Рахин, аз кишварҳои узви Созмони милал ва ҷомеаи байналмилалӣ хост, воқеъгароёна ва ғайриҷонибдорона ба авзои он нигоҳ кунанд .
Дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркубгарона ва таҷовузкоронаи артиши Мянмар алайҳи мусулмонони Роҳингия дар устони Рахин, воқеъ дар ғарби ин кишвар, беш аз шаш ҳазор нафар кушта, ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва садҳо ҳазор нафар аз мусулмонони Роҳингия низ маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд .
Устони Рахин аз соли 2012 саҳнаи ҳамалоти артиши Мянмар ва будоҳои ифротӣ алайҳи мусулмонони Роҳингия аст .
Як миллион мусулмони Роҳингия аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Мянмар маҳрӯм ҳастанд .