Сентябр 27, 2017 11:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши рӯзафзуни оворагони ҷанг дар Афғонистон

Шумори оворагон ҷанг дар Афғонистон аз оғози соли ҷорӣ то кунун ба 260 ҳазор нафар дар ин кишвар расид

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон дар баёнияе бо эъломи ин хабар таъкид кард: Вилоятҳои Кундуз бо 30 ҳазор, Нангарҳор ва Бодғис бо 28 ҳазор ва Урузгон бо 17 ҳазор нафар бештарин оворагони ҳосил аз ҷангро доштааст. Ин дар ҳоле аст, ки вазорати умури муҳоҷирони Афғонистон теъдоди оворагони дохилӣ бар асар ҷангҳои ин кишварро дар соли 2016, 700 ҳазор нафар эълом карда буд.

 Аз замони лашкаркашии Амрико ба Афғонистон аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм, то кунун даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвари ҷангзада  кушта ва садҳо ҳазор нафар бо муҳоҷират ба кишварҳои мухталиф, овора шудаанд..

 

Барчасп