Сентябр 27, 2017 14:33 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Исроил ба харобкориҳои террористии Моссад дар Африқо

Барои нахустин бор режими саҳюнистӣ эътироф кард, дар Африқо бо ҳадафи тарсонидани яҳудиён ва таҳрики онҳо барои муҳоҷират, иқдомоти террористӣ анҷом додааст.

 Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар иқдоме бесобиқа канали дуи телевизиони режими саҳюнистӣ пас аз 64 сол ҷинояти афроди Созмони ҷосусии Исроил (Моссад)-ро дар кишварҳои шимоли Африқо фош кард.

Дар ин гузориш омадааст, Моссад бо рӯйи даст гирифтани тадобири низомии маҳрамона ба эҷоди ҳастаҳои иттилоотӣ дар саросари шимоли Африқо иқдом кард то наздик ба ним миллион яҳудии бумии Африқоро ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин мунтақил кунад.

 Ин дар шароитест, ки маркази омори режими Исроил нахустин бор дар солҳои 2009 то 2015 тайи гузорише эълом кард, теъдоди афроде, ки Фаластини ишғолиро тарк кардаанд аз теъдоди яҳудиёне, ки ба Исроил бозмегарданд, пешӣ гирифтааст.

 Бар асоси омор ва арқоми мунташиршуда аз сӯйи маркази омори режими Исроил, ҳамасола теъдоди зиёде аз исроилиҳо ба далоили мухталиф, аз ҷумла таҳсилот муҳоҷират мекунанд ва теъдоде аз онон ҳаргиз ба Исроил бознамегарданд.

 Мушкилоти иқтисодӣ, фасоди ахлоқиву молӣ ва густариши ноамнӣ дар Исроил боис шудааст сокинон Фаластини ишғолӣ аз Исроил кӯч кунанд.

 

Барчасп