Иттиҳомзании вазири дифои Амрико ба Эрон ва Русия
Вазири дифои Амрико ҳангоми дидор аз Афғонистон, иттиҳомзанӣ ва иддаои мақомоти амрикоӣ дар бораи “кӯмакрасонии Эрон ва Русия ба нерӯҳои Толибон”- ро такрор кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико дар аввалин сафари худ ба Афғонистон баъд аз роҳбурди ҷадиди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи Осиёи Ҷанубӣ, Эрон ва Русияро муттаҳам ба кӯмаки таслиҳотӣ ба Толибон кард.
Маттис гуфт, ин ду кишвар худ аз осебдидагони иқдомҳои террористӣ ҳастанд ва ғайриоқилона аст, ки бар ин бовар бошанд, ҳимоят аз терроризм дар кишвар дигар авоқиби манфӣ надорад.
Ин аввалин бор нест, ки амрикоиҳо чунин иддаоҳои беасосеро матраҳ мекунанд.
Генерал Маттис рӯзи чаҳоршанбе, ки ба ҳамроҳи Йенс Столтенберг, мудири кулли НАТО ба Кобул сафар карда буд, бо Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ва бархе аз фармондеҳони аршади низомии Амрико дар Афғонистон дидор кард.