Сентябр 29, 2017 20:52 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Сенати Амрико бо интисоби сафири ҷадиди ин кишвар дар Русия

Сенати Амрико бо интисоби Ҷон Ҳантсман, фармондори пешини иёлоти Юта ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Русия мувофиқат кард.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҳантсман дар ҳоле ба симмати сафири Амрико дар Русия мансуб шуд, ки ду кишвар равобити пуртанишеро сипарӣ мекунанд.

Таниш дар равобити Амрикову Русия пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико дучандон шудааст .

Русия аз тарафи мақомоти амрикоӣ бавижа Ҳизби демократ, ба дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 ин кишвар дар ҳимоят аз Доналд Трамп муттаҳам шудааст .

Маскав борҳо ҳаргуна мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро рад кардааст .

Ҳантсмани 57 сола ба забони чинӣ мусаллат аст ва дар 32 солагӣ ба унвони сафири Амрико дар Сингапур интихоб шуд, ин мавзуъ Ҳантсманро ба ҷавонтарин сафири Амрико дар сади соли гузашта табдил кард .

Ҷон Тафт, сафири собиқи Амрико дар Русия, июли 2014 ба ин симмат мансуб шуд ва ҳоло бояд ҷои худро ба Ҳантсман бидиҳад .

 

Барчасп