Октябр 01, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Азодории мусалмонони ҷанубу шарқи Осиё

Бисёре аз мусалмонон дар кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё дар шаби Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузур дар маҷлисҳои сӯгворӣ ишқу муҳаббати худро ба ҳазрати Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн иброз доштанд.

Мусалмонону эрониёни муқими кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Филиппин, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Австралия ва Зеландияи Нав дар шаби Ошӯрои Имом Ҳусейн маросими азодории солори шаҳидонро бо шукӯҳ баргузор карданд. Дар Таиланд ҳамзамон бо азодории эрониёни муқим дӯстдорони таиландии аҳли байт дар ақсои нуқоти ин кишвар маросими азодории Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейнро дар масҷиду ҳусайнияҳо барпо карданд.

Маросими азодории шаҳидони Карбало ҳамчунин дар Куала-Лумпур низ баргузор шуд. Суханрони ин маросими шаби Ошӯрои ҳусайнӣ гуфт, акнун қарнҳост, мусалмонони ошиқи Имом Ҳусейн дар саросари ҷаҳон ошиқона азодорӣ мекунанд.