Октябр 01, 2017 19:28 Asia/Dushanbe
  • Азодории пуршӯри шиаёни Ҳинд дар Рӯзи Ошӯро

Шиаёну дӯстдорони Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн дар Рӯзи Ошӯро дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд азодорӣ карданд.

Сӯгворони сайид-уш-шуҳадо бо сарбандҳои “Лаббайк, ё Ҳусейн!” ва “Лаббайк, ё Аббос!” бо ормонҳои қиёми Карбало таҷдиди паймон карданд.

Дӯстдорони аҳли байт дар дигар шаҳрҳои Ҳинд, аз ҷумла Каргил, Сринагар, Ҳайдаробод, Калкутта, Музаффарнагар, Муродобод, Бомбей, Лакҳнау ва бисёре аз манотиқи дигар низ дар азои Имом Ҳусайн синазанӣ карданду ашки мотам рехтанд.

Рӯзи Ошӯро дар Ҳинд таътили расмӣ аст ва илова бар мусалмонон пайравони дигар адён ҳам дар маросими азодории сарвару солори шаҳидон Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн сӯгворӣ мекунанд.

 

Барчасп