Ҷидол бар сари ҷудоиталабии Каталония (тафсир)
Пас аз муддатҳо кашокашӣ байни давлати марказии Испания ва давлати иёлатии Каталония бар сари баргузории ҳамапурсии ҷудоии ин иёлат аз Испания, саранҷом ин ҳамапурсӣ дар аввали октябр баргузор шуд.
Ҷорди Турал (Jordi Turull), сухангӯи давлати маҳаллии Каталония эълом кард, ки ҳудуди 90 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин ҳамапурсӣ, ки аз сӯйи давлати Мадрид ғайриқонунӣ эълом шуда буд, ба истиқлол аз Испания раъйи мусбат додаанд.
Ба гуфтаи вай, дар ҳамапурсии ҷудоии Каталония ду миллиону 260 ҳазор нафар ширкат кардаву ду миллиону 20 ҳазор нафар ба истиқлоли Каталония аз Испания мувофиқат кардаанд. Дар бархе марокизи раъйгирӣ нерӯҳои зиддишӯришии Испания бо раъйдиҳандагон даргир шуданду аз вуркди онон ба шуъбаҳои раъйгирӣ ҷилавгирӣ карданд. Дар ин даргириҳо 844 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Додгоҳи қонуни асосии Испания пештар баргузарии ҳамапурсиро ғайриқонунӣ эълом карда буд. Мариано Рахой, нахуствазири Испания рӯзи якшанбе билофосила пас аз итмоми замони баргузории ҳамапурсии истиқлол, мардуми Каталонияро фиребхӯрда донист ва таъкид кард, ки “имрӯз дар воқеъ ҳамапурсии истиқлол дар иёлати Каталония баргузор нашуд”.
Масъалаи ҷудоиталабии Каталония аз Испания аз ҷумлаи мавориди ҷудоиталабӣ дар Аврупо аст, ки кашокаш бар сари он амалан ба хушунат кашида шудаву бо идомаи раванди кунунӣ метавон пешбинӣ кард, ки рӯёрӯӣ байни давлати маҳаллии ин иёлату давлати марказии Испания дар оянда бо таниши бештаре ҳамроҳ хоҳад буд.
Карлос Бастреч (Carlos Bastarreche), сафири Испания дар Британия ҳушдор додааст, ки Аврупо ҳам акнун назорагари “кудатои орому камҳазина” тавассути давлати маҳаллии Каталония аст.
Метавон дар ин замина ду сенарияро тасаввур кард,ки сенарияи аввал эъломи истиқлоли Каталония аз сӯйи давлати маҳаллии ин иёлат аст. Дар ин сурат давлати марказии Мадрид барои ҷилавгирӣ аз амалӣ шудани он ҳузури низомии худро дар ин иёлат тақвият хоҳад кард ва иқдом ба барҳамдиҳии давлати маҳаллӣ ва эҳтимолан порлумони Каталония хоҳад кард. Дар ин сурат эҳтимоли вуруди ин буҳрон ба фози бархурдҳои физикӣ ва эҳтимоли бурузи шӯришҳои мардумӣ дар Каталония вуҷуд дорад.
Ҷудоии Каталония аз Испания барои давлати марказии ин кишвар ғайриқобили таҳаммул аст ва метавон пешбинӣ кард, ки ба ҳар тариқу бо тавассул ба ҳар абзоре аз амалӣ шудани он ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Каталония, ки дар шимоли шарқии Испания қарор дорад, бо ҷамъияти 7,5 миллионнафарӣ, яке аз сарватмандтарин манотиқи ин кишвар аст, ки аз панҷ як ҳиссаи тавлиди иқтисодии Испанияро ба худ ихтисос медиҳад ва табиатан ҷудоии он зарбаи асосӣ ба Испания ва қудрати миллии он ворид хоҳад кард. Зимни ин ки ҷудоии Каталония ба маънои оғози раванди ҷудоии дигар манотиқи Испания, ба вижа иёлати Басков ва иёлати Валенсия хоҳад буд.
Бар асоси қонуни асосии Испания, ин кишвар ғайриқобили тақсим аст.
Аммо сенарияи дигар, нишон додани мавзеи оштиҷӯёна аз сӯйи давлати Мадрид ва ироаи бархе имтиёзоти бештар ба Каталония ба умеди худдорӣ ё инсирофи ин иёлати ҷудоиталаб аз амалӣ кардани он аст. Бо ин ҳол давлати маҳаллии Каталония ба далоили зиёде, аз ҷумла далоили фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва аз ҳама муҳимтар ба далоили иқтисодӣ хоҳони ҷудоӣ аз Испания аст.
Ба гуфтаи Пирӯзи Эзадӣ, коршиноси масоили Аврупо, решаи ҳамаи тақозоҳои истиқлол дар Аврупо масоили иқтисодӣ аст ва то замоне ки беҳбудӣ дар ин масаъла эҷод нашавад, садои ҷудоиталабӣ баланд хоҳад буд. Бо ин ҳол шавоҳид баёнгари он аст, ки давлати иёлатии Каталония акнун, ки муддаии раъйи 90 дарсадии мардуми ин минтақа ба ҷудоӣ шудааст, истиқлоли ин иёлатро ба пуштибонии хости мардуми Каталония ба шиддати бештаре пайгирӣ хоҳад кард.