Варшикастагии яке аз бузургтарин хатҳои ҳавоии Британия
Давлати Британия бо эъломи варшикастагии хатти ҳавоии Монарх, барои бозгардондани 110 ҳазор мусофири ин ширкат бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Ба нақл аз шабакаи хабарии CNN, иллати лағви парвозҳо ва эъломи варшикастагии хатҳои ҳавоии Монарх, набуди чашмандози молии муносиб ва таъсири мустақими масоили марбут ба терроризм, Туркия, Ховари Миёна ва рақобати фишурдаи бозор дар ғарби Мадитарона эълом шудааст .
Крис Грейлинг, вазири ҳамлу нақли Британия, расидагӣ ба вазъияти ногаҳонии варшикастагии хатти ҳавоии Монархро мушкиле бузург тавсиф карда аст .
Хатҳои ҳавоии Монарх, ки яке аз бузургтарин хатҳои ҳавоии Британия аст, бомдоди имрӯз ҳамаи парвозҳои худро мутаваққиф кард ва бояд таи ду ҳафтаи оянда, 110 ҳазор мусофири ин хатҳои ҳавоӣ дар хориҷ аз ин кишвар ба Британия бозгардонда шаванд .
Баровард мешавад, ҳудуди 300 ҳазор резерви парвози ин хатҳои ҳавоӣ, ки ба дигар нуқоти Аврупо ва минтақаи Мадитарона сурат гирифта низ лағв шавад .