Инҳидоми конуни террористии ДИИШ дар Маскав
(last modified Mon, 02 Oct 2017 13:13:14 GMT )
Октябр 02, 2017 18:13 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми конуни террористии ДИИШ дар Маскав

Маъмурони Созмони амнияти федерали Русия, шабакаи вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Маскав муталошӣ ва теъдоде аз аъзои онро боздошт карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, равобити умумии Созмони амнияти федерали Русия имрӯз эълом кард, маъмурони ин созмон, шабакае вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро, ки омодаи амалиёти инфиҷорӣ дар Маскав шуда буданд, муталошӣ ва теъдоде аз аъзои ин шабакаро боздошт карданд .

Бар асоси ин гузориш, аъзои ин шабакаи диишӣ аз аҳолии минтақаи Қафқози Русия буданд, ки барои иқдомоти террористӣ дар амокини умумӣ аз ҷумла васоили нақлияи умумӣ ва маҳалҳои таҷаммуи мардум, омода шуда буданд .

Созмони амнияти федерали Русия гузориш дод, аз террористҳо мақодире маводи мунфаҷира ва аҷзои сохти бомб, ду бомби омодаи коргузорӣ, ду қабза силоҳи камарӣ ва мақодире муҳимот, норанҷак ва васоили мухобиротӣ кашф шудааст .

Ин созмон ҳануз ҷузъиёти боздоштҳо аз ҷумла теъдоди боздоштшудагон ва маҳалли амалиёти зидди террористиро эълом накардааст, аммо гуфта мешавад, масъуляти идораи ин шабакаи террористиро афроде хориҷ аз Русия бар уҳда доштаанд .