Октябр 02, 2017 19:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни тирандозии Лас Вегас, 50 кушта ва 200 захмӣ  

Мақомҳои полиси Амрико дар тозатарин хабар эълом карданд, тирандозӣ дар шаҳри Лас Вегаси иёлоти Невада ба дастикам 50 нафар кушта ва 200 тан захмӣ афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз шабакаи NBC, ин тирандозӣ имрӯз дар наздикии казинои минтақаи Мандалай-Бейи шаҳри Лас Вегас иттифоқ афтод.

Бино ба гузориши ин шабака ва бархе дигар аз расонаҳо, омили тирандозӣ фарде ба номи Стефан Паддок буда, ки собиқаи чандин бор дастгирӣ ба иллати ҷароими ҷинсӣ ва кӯдакозорӣ дошта ва бо гулулаи маъмурон, кушта шудааст .

Ҷустуҷуи полис барои ёфтани зани осиёитаборе, ки Паддоки 64 соларо ҳамроҳӣ мекарда ва ба назар ҳамдасти ӯ будааст, идома дорад.

Полис номи ин занро Марилу Данли эълом ва тасвире аз вайро мунташир кардааст .

Ин гузориш ҳамчунин ҳокист, полис бо мутаваққиф кардани парвозҳои фурӯдгоҳи байналмилалии Лас Вегас, воҳидҳои хунсокунандаи бомбро барои баррасии як бастаи машкук, ки наздики маҳалли тирандозӣ дар ҳотели Мандалай-Бей пайдо шуда, эъзом кардааст .

 

Барчасп