Октябр 04, 2017 18:21 Asia/Dushanbe
  • Арабистон ва ҳампаймононаш дар феҳристи сиёҳи Созмони милал

Созмони милали муттаҳид, Арабистон ва ҳампаймононашро ба иллати куштори кӯдакони яманӣ дар феҳристи сиёҳ қарор дод.

Созмони милали муттаҳид дар пешнависи гузорише эълом кард, иқдомоти эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистон дар кушта ва захмӣ кардани кӯдакони яманӣ, мунҷар ба дарҷи номи ин эътилоф дар феҳристи сиёҳи Созмони милал шуд .

Ба гузориши ин созмон, бо баррасии 38 ҳодиса мушаххас шуд, 683 кӯдак бар асари ҳамлаи ҳавоии эътилофи арабӣ ба мадорис ва бемористонҳо дар соли 2016 захмӣ шудаанд .

Режими Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар иқдом кардааст .

Ин таҷовузи низомӣ токунун ба кушта шудани беш аз 12 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар, овора шудани миллионҳо яманӣ ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар мунҷар шудааст .

 

Барчасп