Октябр 05, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори шоҳи Саудӣ ва раисиҷумҳури Русия дар Маскав

Подшоҳи Саудӣ дар дидори расмии худ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфт, бояд роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони Сурия пайдо шавад, ки якпорчагии ин кишварро ҳифз кунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, ки ба Русия сафар кардааст, дар дидор бо раисиҷумҳури ин кишвар афзуд, Арабистон ва Русия дар бисёре аз парвандаҳо бо ҳам иттифоқи назар доранд.

Подшоҳи Саудӣ афзуд, мо ба ташдиди талошҳо барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва хушкондани манобеи он алоқаманд ҳастем ва зимни таъкид бар аҳамияти ҳалу фасли сиёсии буҳрони Яман, аз ҳалли сиёсии буҳрони Сурия ҳимоят мекунем.

Малик Салмон ҳамчунин бо таъкид бар ҳимояти кишвараш аз Ироқ ва тамомияти арзии он, тасреҳ кард, дар хусуси масъалаи Фаластин низ Арабистон мехоҳад пойтахти кишвари Фаластин дар шарқи Байт-ул- Муқаддас бошад.

Подшоҳи Арабистони Саудӣ эълом кард, мутақоид шудааст, ки фурсатҳое барои танаввӯъ дар ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ин кишвар бо Русия вуҷуд дорад.

Путин низ сафари шоҳи Саудӣ ба Маскавро ангезае барои тақвияти равобити Русия ва Арабистон донист.

Малик Салмон рӯзи гузашта роҳии Маскав шуд.

Ин нахустин сафари подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Русия дар таърихи равобити ду кишвар аст.

 

 

Барчасп