Октябр 05, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Маҳалли иқомати ҳайъати ҳазорнафараи ҳамроҳи шоҳи Саудӣ дар Маскав куҷост?

Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ, ки барои як сафари расмӣ рӯзи чаҳоршанбе вориди Маскав шуд, ҳайъате ҳазорнафараро бо худ ба ҳамроҳ бурдааст.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъолам, Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудӣ, подшоҳи Арабистон аввалин подшоҳи Саудист, ки ба Русия сафар кардааст ва то 7 октябр дар Маскав ҳузур хоҳад дошт .

Мақомоти ду кишвар ин сафарро як сафари торихӣ мехонанд .

Бо сафари Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудӣ, подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Маскав, утоқи холӣ дар ҳотелҳои панҷситораи атрофи Кохи Кремлин ва майдони сурх ёфт намешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони ҳотели чаҳорфасл, ки дар канори майдони сурх, Кохи Кремлин ва Маҷлиси Думаи Русия қарор гирифта, ин ҳотел ба таври комил дар ихтиёри подшоҳи Арабистони Саудӣ ва ҳайъати ҳамроҳи вай қарор дорад .

​Ҳайъати ҳамроҳи подшоҳи Арабистони Саудӣ илова бар ин дар чанд ҳотели мухталифи Маскав аз ҷумла Ритз Чарлтун ва Нашнол иқомат доранд .

Дар бисёре аз утоқҳои ин ҳотелҳо ба шеваи суннатӣ ва шарқии ороиши онҳоро тағйир додаанд ва ҳатто барои бархе аз аъзои баландпояи арабистонӣ, қолинҳои мавриди алоқаи онҳоро ба Маскав интиқол додаанд .

 

Барчасп