Октябр 07, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Дар ихтиёр гузоштани даҳ масҷиди дигар ба мусалмонони Гурҷистон

Ниҳоди давлатии масоили динии Гурҷистон даҳ масҷиди дигарро дар ихтиёри Идораи мусалмонони ин кишвар қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ромин Игидов, раиси Идораи мусалмонони Гурҷистон гуфт, бо дар ихтиёр қарор додани 10 масҷиди дигар дар ғарби Гурҷистон ба идораи мусалмонони ин кишвар, маҷмӯи масҷидҳое, ки дар ихтиёри ин идора қарор гирифт, ба 160 адад расидааст.

Раиси Идораи мусалмонони Гурҷистон бо ишора ба ин ки мушкилот дар сабти 11 масҷиди дигар дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад, ибрози умедворӣ кард, ин масъала ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 320 масҷид дар саросари Гурҷистон вуҷуд дорад.

Бар асоси шумориши нуфуси соли 2002 -и мелодӣ, ҷомеаи мусалмони Гурҷистон бо 433 ҳазор нафар, 9.92 дарсад аз маҷмӯи ҷамъияти чаҳор миллиону 371 нафарии ин кишварро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп