Ташдиди мушкилоти мусалмонони овораи Руҳингиё
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24263-Ташдиди_мушкилоти_мусалмонони_овораи_Руҳингиё
Созмони Милали Муттаҳид эҷоди урдугоҳ бо анбуҳи ҷамъияти зиёд барои мусалмонони овораи Руҳингиёро дар Бангладеш бисёр хатарнок дониста таъкид кард, ин иқдом паёмадҳои ғайри қобили ҷубронро чун хурӯҷи бемориҳои вогирдор ба дунбол дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 08, 2017 14:44 Asia/Dushanbe

Созмони Милали Муттаҳид эҷоди урдугоҳ бо анбуҳи ҷамъияти зиёд барои мусалмонони овораи Руҳингиёро дар Бангладеш бисёр хатарнок дониста таъкид кард, ин иқдом паёмадҳои ғайри қобили ҷубронро чун хурӯҷи бемориҳои вогирдор ба дунбол дорад.

Ҳукумати Бангладеш эълом кардааст, дар назар дорад, барои паноҳҷӯёни мусалмони Руҳингиё, ки аз Миёнмор гурехтаанд, як урдугоҳ бо зарфияти 800 ҳазор нафар бисозад. Пештар низ давлати Дакка эълом карда буд, тасмим дорад, бахше аз оворагонро ба ҷазираи дуре мунтақил кунад. Мусалмонони Руҳингиё аз бими ҷони худ ба далели куштори онон аз сӯйи нерӯҳои артиши Миёнмор, ки дар чорчӯби сиёсати наслкушӣ сурат мегирад, аз хонаву кошонаи худ дар иёлати Рохин, ғарби Миёнмор гурехта, дар кишварҳои ҳамсоя, бахусус Бангладеш ба шакли овора зиндагӣ мекунанд. Ҷиноёти низомиёни артиши Миёнмор зидди мусалмонони Руҳингиё абъоди пинҳони бисёре дорад, ки дар сурати таваҷҷуҳи дақиқ ба онҳо барои ҷаҳониён собит хоҳад шуд, ки як наслкушӣ ба тамоми маъно дар Миёнмор дар ҳоли рух додан аст. Профессор Саскиа Сассен, устоди ҷомеашиносии Донишгоҳи Колумбия дар Ню-Йорк мегӯяд, ихроҷ ва берун рондани мусалмонони Руҳингиё шевае барои озод кардани заминҳо ва манобеи обӣ аст. Сӯзондани хонаҳои онҳо низ ин фарояндро ғайри қобили бозгашт мекунад, зеро онон маҷбур ба фирор ва тарки заминҳои худ мешаванд, ки мусибатҳои бисёреро барои онон ҳамроҳ дорад.

То кунун ҳазорон нафар бар асари ин ҳамалот кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ ва хонаводаҳои бисёре доғдору бесарпараст шудаанд. Овора шудани мусалмонони Руҳингиё беш аз пеш ҷони онҳоро таҳдид мекунад. Дар урдугоҳҳо низ камтарин имкони зист вуҷуд надорад, набудани ғизои кофию имконоти беҳдоштӣ ва пизишкӣ на танҳо ҷони оворагон, балки ҷони теъдоди бисёре аз модарони бордор ва касонеро, ки фарзанди ширхор доранд, таҳдид мекунад. Адами дастрасии кӯдакон ба марокизи омӯзишӣ ва ақиб афтодани онҳо аз таҳсил мушкили дигаре аст, ки ояндаи кӯдакони мусалмони Руҳингиёро таҳдид мекунад. Ҳукумати Бангладеш бо тарҳи иттиҳомҳои мухталиф зидди мусалмонони Руҳингиё, аз ҷумла эҷоди мушкилоти амниятӣ ва иҷтимоӣ мекӯшад, ба гунае оворагони мусалмонро беш аз пеш таҳти фишор қарор диҳад. Давлати Дакка аз ин иқдом ду ҳадафро дунбол мекунад: аввал он ки талош дорад, мусалмонони овораи Руҳингиё аз Бангладеш фирор кунанд ва ё бо эҷоди таҳдиду тарс монеъ аз вуруди оворагони ҷадид шавад. Дувум ин ки бо умда кардани мушкилоти оворагони Руҳингиё зимни ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ кумакҳоеро дарёфт кунад. Марк Перс, коршиноси бангладешии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, бисёре аз паноҳандагони руҳингиёӣ гуруснаву хастаанду обу ғизо надоранд. Ин дар ҳолест, ки дархостҳо барои таъмин ғизо, маскан, об ва беҳдошти оворагон ба далели шумори зиёди онон бароварда нашудааст ва чунончи, ниёзҳои асосии онон бароварда нашавад, ранҷи мусалмонони овораи Руҳингиё бадтар шуда, ин масъала метавонад ба як фоҷеаи инсонӣ мунҷар шавад.

Ба ҳар ҳол, ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ куштори мусалмонони Руҳингиёро маҳкум ва дар бораи вазъияти бисёр бади зиндагии онон ибрози таассуф мекунад, аммо то кунун ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдоми ҷиддие барои эъмоли фишор бар Ҳукумати Миёнмор барои ба расмият шинохтани ҳувияту ҳаққи шаҳрвандии мусалмонони Руҳингиё ба амал наовардааст, то мушкилоти онҳо ба таври асосӣ ҳал шавад.