Октябр 08, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Наслкушии амрикоиҳо дар Куба

Бар асоси Конвенсияи байналмилалӣ, Амрико бо таҳрими тӯлонимуддати Куба, ба наслкушӣ дар ин кишвар мубодират кардааст.

Рӯзномаи фаронсавии “Лугрон Савор” навишт, таҳрими иқтисодӣ, тиҷорӣ ва молии Куба аз сӯи Амрико, ки аз 60 сол пеш эъмол мешавад ва ҳамчунон идома дорад, як навъ наслкушӣ аст .

Ин рӯзномаи фаронсавӣ хотирнишон кард, таҳримҳои Амрико алайҳи Куба, нақзи ошкор, густарда ва созмонёфтаи ҳуқуқи башар аст ва бо таваҷҷуҳ ба Конвенсияи манъ ва саркуби наслкушӣ мусавваби соли 1948, ин иқдоми Амрикоро метавон наслкушӣ донист.  

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар 16 моҳи июни соли 2017, фармони ташдиди сиёсатҳои Вашингтон алайҳи Кубаро имзо кард, ки дар он илова бар тамҳидоти қаблӣ, тамҳидоти дигаре барои таҳрими Куба иттихоз ва фармони Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико мавсӯм ба “Оддисозии равобити байни Вашингтону Гавана”, ро ки дар 14 октябри соли 2016 содир шуда буд, лағв кард .