Ҷон бохтани шумори дигаре аз оворагони Руҳингиё дар масири Бангладеш
(last modified Mon, 09 Oct 2017 08:44:49 GMT )
Октябр 09, 2017 13:44 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани шумори дигаре аз оворагони Руҳингиё дар масири Бангладеш

Шумори дигаре аз оворагони мусулмони руҳингиёии Миёнмор бар асари вожгун шудани қаиқи ҳомили онҳо дар рӯдхонаи марзӣ, дар масири кӯчи иҷборӣ ба Бангладеш ҷон бохтанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Пресс Тв”, бар асари ғарқ шудани як қаиқи ҳомили оворагони мусулмони руҳингиёӣ дар рӯдхонаи марзии “Naf”, ки ба иҷбор озими Бангладеш буданд, дастикам 12 нафар ҷон бохтанд ва шумори зиёде нопадид шуданд.

Хабаргузории “Син Хуа” ҳам гузориш дод, ҷасадҳои 11 нафар аз қурбониёни ҳодисаи вожгунии қаиқи ҳомили оворагони мусулмони руҳингиёӣ пайдо ва шиносоӣ шуданд.

Пештар низ даҳҳо мусулмони руҳингиёӣ бар асари вожгун шудани қаиқи ҳомил онҳо дар масири фирор ба Бангладеш кушта шуданд.

Бо вуҷуди ҳушдорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар бораи идомаи куштори мусулмонони руҳингиёӣ дар Миёнмор, манобеи хабарӣ аз идомаи куштори мусулмонон дар ин минтақа хабар медиҳанд.

Артиш ва буддоиёни ифротӣ дар Миёнмор ба куштори мусулмонони Руҳингиё дар ин кишвар идома медиҳанд ва раванди оворагии мусулмонон ва фирори онон ба самти Бангладеш ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.

Устони Рохин дар ғарби Миёнмор аз соли 2012 саҳнаи ҳамалоти артиши ин кишвар ва буддоиёни ифротӣ алайҳи мусулмонони Руҳингиё аст.