Октябр 09, 2017 15:24 Asia/Dushanbe
  • Раққосони русӣ ба Арабистон мераванд

Русия эълом кард, ки раққосони балети ин кишвар барои баргузории маросиме ба Арабистон мераванд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, барои аввалин бор дар таърихи Арабистон, раққосони балети дар ин кишвар барнома иҷро мекунанд.

“Спутник” ба нақл аз Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, барномаҳое барои табодули фарҳангӣ миёни ду кишвар дар назар гирифта шудааст ва тибқи ин барномаҳо дар наздиктарин замони мумкин гурӯҳи мусиқии намоиши Маркс  ва гурӯҳи балетӣ аз театр ва дигар гурӯҳҳои русӣ ба Арабистон хоҳанд рафт.

Ин иқдомот пас аз сафари Малик Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон ба Маскав анҷом мегирад.

Дар рӯзҳои ахир бархе тағйирот дар Арабистон, аз ҷумла эътои иҷозаи ронандагӣ ба занон ва пахши хонандагии занон аз телевизиони Саудӣ, вокунишҳои бисёреро дар ин кишвар дар пай доштааст.