Октябр 09, 2017 20:27 Asia/Dushanbe
  • Барномарезии Британия барои набард бо Кореяи Шимолӣ

Як рӯзномаи британияӣ бо ишора ба боло гирифтани танишҳои лафзии миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ навишт, Британия худро барои ҷанги эҳтимолӣ бо Пхенян омода мекунад.

Рӯзномаи Дейли Телеграф бо тарҳи ин мавзуъ, ки Кореяи Шимолӣ фардо озмоиши мушакии дурбурди дигареро анҷом хоҳад дод, навишт, ин масъала эҳтимолан вокуниши низомии Амрикоро ба дунбол хоҳад дошт .

Ин рӯзномаи британияӣ ба нақл аз як манбаи огоҳ навишт, дар сурати бурузи ҷанг бо Кореяи Шимолӣ, Британия бахше аз эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи ин кишвар хоҳад буд .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо интишори паёме дар Твиттер гуфта буд, як гузина дар мавриди Кореяи Шимолӣ ҷавоб медиҳад, ки талвеҳан ба иқдоми низомӣ ишора дорад.

Бо ин ‌ҳол садҳо тан аз мухолифони зидди ҷанг ва фаъолони маданӣ, авохири моҳи гузашта зимни таҷаммуъ дар муқобили Довнинг Стрит (дафтари нахуствазирӣ) дар қалби Лондон, иҷтиноб аз бурузи даргирии низомӣ бо Кореяи Шимолиро хостор шуданд .

Пхенян борҳо таъкид кардааст, то замоне, ки Амрико ва муттаҳидонаш ба таҳдидҳояшон зидди Кореяи Шимолӣ идома диҳанд, ин кишвар низ ба тақвияти тавонмандиҳои низомии худ идома хоҳад дод .

 

Барчасп