Ҳамдастии Одил Ҷубайр бо кудаточиён дар Туркия
Июл 17, 2016 19:51 Asia/Dushanbe
Амири собиқи Қатар аз ҳамдастии вазири хориҷаи Арабистон бо кудаточиён дар Туркия интиқод кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "Алолам", Ҳамд бин Халифа Оли Сонӣ дар изҳороте гуфт, Амрико ва яке аз кишварҳои ғарбӣ дар паси пардаи кудато дар Туркия ҳастанд.
Вай ҳамчунин аз ҳамдастии Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷаи саудӣ бо кишварҳои мазкури ҳомии кудато ва сукути ӯ дар қиболи рӯйдодҳои Туркия интиқод кард.
Амири собиқи Қатар таъкид кард, ки Одил Ҷубайр аз кудато дар Туркия иттилоъ дошт.
Вай аз расонаҳои вобаста ба Арабистон ва Иморот ба далели истиқбол аз кудатои низомӣ дар Туркия ба шиддат интиқод кард.
Барчасп