Раиси минтақаи Каталония санади истиқлолро имзо кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24419-Раиси_минтақаи_Каталония_санади_истиқлолро_имзо_кард
Карлос Пучдемон, раиси минтақаи Каталония санади истиқлол ва ҷудоии ин минтақаи худмухтор аз Испанияро имзо кард, вале иҷрои онро ба таъхир андохт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 11, 2017 11:59 Asia/Dushanbe
  • Раиси минтақаи Каталония санади истиқлолро имзо кард

Карлос Пучдемон, раиси минтақаи Каталония санади истиқлол ва ҷудоии ин минтақаи худмухтор аз Испанияро имзо кард, вале иҷрои онро ба таъхир андохт.

Ба гузориши “Ал-Олам”, ҷаласаи порлумони Каталония барои баррасии истиқлоли ин минтақа бо суханронии Карлос Пучдемон, раҳбари ин минтақа оғоз шуд.

Дар ҳоле ки интизор мерафт раҳбари Каталония дар ин суханронӣ истиқлоли ин минтақаро эълом кунад, ин иттифоқ ба вуқуъ напайваст ва Пучдемон гуфт, хоҳони музокираву тавофуқи ҷадиде бо давлати Мадрид аст.

Пас аз Пучдемон, гурӯҳи дигаре аз намояндагони парлумони Каталония ба суханронӣ пардохтанду сипас қонунгузорони каталонӣ зимни мувофиқат бо истиқлоли ин минтақа, санади марбутаро ба имзо расониданд.

Бо ин ҳол, парлумони Каталония эълом кард, ки иҷрои ин санади ба имзо расидаро ба таъхир андохтааст.