Кореяи ‌Ҷанубӣ: Медонем чигуна қудрати Кореяи Шимолиро аз байн бубарем
(last modified Wed, 11 Oct 2017 14:21:08 GMT )
Октябр 11, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Кореяи ‌Ҷанубӣ: Медонем чигуна қудрати Кореяи Шимолиро аз байн бубарем

Як манбаи низомии Кореяи ‌Ҷанубӣ эълом кард, ин кишвар бо навъи хосе аз бомб метавонад қудрати низомии Кореяи Шимолиро нобуд кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Исно, ин мақоми Кореяи ‌Ҷанубӣ гуфт, Сеул метавонад барои муқобила бо тавсеаи таслеҳоти куштори ҷамъии Пхенян бо сохти бомби графитти ва тахриби таъсисоти барқу нерӯгоҳҳои Кореяи Шимолӣ, қудрати низомии ин кишварро хунсо кунад .

Бомби графитти навъе силоҳи ғайрикушанда аст, ки бо истифода аз моддаи графит, ки навъе ангишт аст, метавонад таъсисоту хутути интиқоли барқро аз кор биандозад .

Гуфтанӣ аст, артиши Амрико дар ҷанги Косово, барои аввалин бор аз ин бомб истифода карду тавонист дар як ҳамла ду сеюми хоки Югославияро дар хомушӣ фуру барад .

Изҳороти ин манбаи низомии Кореяи ‌Ҷанубӣ, ки хост номаш фош нашавад, дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо дар шибҳҷазираи Корея дар паи истиқрори сомонаи зиддимушакии Тодд ва таҳдидҳои мутақобили Амрико ва Кореяи Шимолӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст .