Октябр 11, 2017 21:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи вазъияти бади мусулмонони Роҳингия дар Мянмар

Вазири умури хориҷаи Бангладеш дар бораи вазъияти бади мусулмонони Роҳингия дар Мянмар ҳушдор дод.

Ба нақл аз Ирно, Маҳмуди Алӣ, вазири умури хориҷаи Бангладеш дар суханоне бо ишора ба шароити буҳронии мусулмонони Роҳингия дар Мянмар гуфт: Вазъияти мусулмонони Роҳингия дигар як масъалаи дохилии Мянмар нест, балки ба фоҷеаи минтақаӣ табдил шудааст .

Вазири умури хориҷаи Бангладеш афзуд: Роҳҳалли буҳрони Роҳингия дар дохили худи Мянмар аст .

Бо вуҷуди ҳушдорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар бораи идомаи куштори мусулмонони Роҳингия дар Мянмар, манобеи хабарӣ аз идомаи куштори мусулмонон дар ин минтақа хабар медиҳанд .

Саркуби густардаи мусулмонони Роҳингия дар устони Рахин дар ғарби Мянмар ба дасти артиши ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта шуруъ шудааст, шаш ҳазор кушта, ҳашт ҳазор маҷрӯҳ ва садҳо ҳазор овора бар ҷой гузоштааст .

 

Барчасп