Роҳбурди зиддиэронии Вашингтон саранҷом мунташир шуд
Кохи Сафед рӯзи ҷумъа, пас аз ҳафтаҳо ҷанҷоли расонаӣ матни роҳбурди ҷадиди Ҳукумати Амрикоро барои мубориза бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мунташир кард.
Ба гузориши “Рейтерз”, Кохи Сафед субҳи рӯзи ҷумъа эълом кард, Доналд Трамп пас аз нуҳ моҳи машварат бо Конгресс, муттаҳидони наздики Амрико ва тими амнияти миллияш стратегияи ҷадиде дар қиболи Эрон таъйин кардааст. Ташдиди назорат бар тавофуқи ҳастаӣ, ба гунае ки дастёбии Эрон ба силоҳро сахттар мекунад, расидагӣ ба барномаи мушаки баллистикии Эрон ва муқобила бо фаъолиятҳои Эрон, ки ба иддаои Вашингтон, мунҷар ба бесуботӣ дар минтақаи Ховари Миёна мешавад, се ҳадафи аслии ин стратегияи ҷадид аст. Ҳамчунин Трамп қарор аст, ҳудуди соати ҳашти шаб (ба вақти Теҳрон) дар як суханронӣ рӯйкарди тақобули ҷадиди Вашингтонро дар қиболи Теҳрон эълом кунад. Трамп бо стратегияи ҷадиди худ қасд дорад, сиёсати Амрикоро дар қиболи Эрон ба мавзӯоти фаротар аз тавофуқи ҳастаӣ густариш диҳад.
Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, ки Трамп барои ҷилавгирӣ аз сармоягузории Ҳукумати Эрон, бавижа Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ талош хоҳад кард. Трамп дар матни ин баёния бо такрори иддаоҳои беасосе зидди Эрон аз ҷомеаи байналмилал хоста, то он чиро, ки ӯ нақзи густурдаи ҳуқуқи башар тавассути Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва боздошти ноодилонаи шаҳрвандони Амрико ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ хондааст, маҳкум кунанд. Трамп ҳамчунин таъкид кардааст, Амрико тамоми масирҳои дастёбии Эронро ба силоҳи ҳастаӣ хоҳад баст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо эълом кардааст, тавлид ва ё истифода аз силоҳи атомӣ дар докторинаи низомию дифоии ин кишвар ҷое надорад ва раҳбари Инқилоби Исломӣ низ ҳар навъ корбурди ин силоҳро ҳаром донистаанд.