Натаняҳу: Мо ҳам аз ЮНЕСКО хориҷ мешавем
Нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ин режим худро барои хурӯҷ аз Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид омода кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Бинёмин Натаняҳу соате пас аз хурӯҷи Амрико аз ЮНЕСКО дар баёнияе ин тасмими Амрикоро "шуҷоона" хонда таъкид кард, Исроил ҳам монанди Амрико аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд.
Амрико рӯзи панҷшанбе эълом кард, дар ҳимоят аз Исроил аз ЮНЕСКО хориҷ хоҳад шуд. Ин иқдоми Вашингтон 31-уми декабри соли 2017 амалӣ мешавад.
Амрико дар соли 2011, пас аз он ки Фаластин ба унвони яке аз аъзои ЮНЕСКО пазируфта шуд, кумакҳои молии худро ба ин созмон қатъ кард.
Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ рӯзи чаҳоруми июл дар қатъномае эълом кард, Исроил ҳеҷ моликияте бар Байт-ул-муқаддас надорад. Ин дар ҳолест, ки Қудси шариф аз соли 1967 дар ишғоли режими Исроил аст. ЮНЕСКО ҳамчунин дуюми майи имсол бо тасвиби қатъномае режими саҳюнистиро ба нақзи меъёрҳои байналмилалӣ дар Байт-ул-муқаддас ва борикаи Ғазза маҳкум карда, аз Исроил ба унвони нерӯи ишғолгар ном бурд.